
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар деҳаи Ҷангалпарвари ҷамоати деҳоти Нури Вахш вохӯрии навбатӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ, дастуру супоришҳои макомоти болоии ҲХДТ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, сокинонро барои обод кардани гӯшае, маҳали зист, кӯмак ба ниёзмандону барҷомондагон ба ҷои маъракаороӣ ва дӯст доштани Ватан раҳнамоӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар қисмати амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!” ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и деҳа барои сохтмони синфхонаи иловагӣ масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шуд, ки аз ин иқдоми нек сокинон руҳбаланд гардида, миннатдории хешро аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.