БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ БА ХОТИРИ ИСТИФОДАИ ДУРУСТ АЗ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ХАТАРҲОИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Айнӣ» бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги техники мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо» хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимнан, Худойдод Ёров дар мулоқот қайд кард, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ  технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи  паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.

Инчунин, тазаккур дод, ки гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg