
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маданият»-и деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва саҳми аъзову ҷонибдорони ҲХДТ-и маҳал дар доираи баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» зиёда аз 16 тонна битум харидорӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо МДНРА-и ноҳия роҳи маҳалларо мумфарш карда шуда, тасмим гирифтанд, ки боз 50 тонна битум харидорӣ намуда, роҳҳои маҳалларо пурра таъмир намоянд.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагон ба созандагиву ободонӣ, анҷоми хайру сахо ва хотири паст кардани сатҳи кабизоатӣ раҳнамоӣ намуданд.