БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ КОМИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.           

Намояндагони ҳизбӣ доир ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ истифодаи самараноки нерӯи барқ ба хотири расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ андешаронӣ карда, афзуданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Зимни баёни  Паёми навбатӣ қайд гардид, ки имсол дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд ва мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои  суботу осоиштагии  комил ва ваҳдати  сартосарӣ мебошад.

Инчунин, дар идомаи  ҳамоиш дигар самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуданд, ки аз ин  суҳбат ҳамагон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg