БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНАНДАГОН АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД БО САРУ ЛИБОСИ МАКТАБӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зарифҷон Наимов” – и Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнан масъулин оид ба нақши ҲХДТ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон,дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва  хизматҳои беназири Роҳбари давлатдар самти рушду шукуфоии Ватан  суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идоа гуфта шуд,ки имрӯзҳо   соҳибкорону саховатмандони ҷумҳурӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, ба бепарасторону ятимон дасти кӯмак дароз мекунанд.

Ин иқдоми наҷиби Садори давлатро соҳибкори маҳаллӣ, узви фаъоли  Самадова Тозагул сармашқи кори худ қарор дода, аз ҳисоби буҷети оилавиаш ба зиёда аз 30  нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ  харидорӣ карда туҳфа намуд.

Ҳамзамон дар доираи Аксияи мазкур бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ 43 қутти ранг барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20  кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg