Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ – ДАВРОНИ БОЗГАШТИ МИЛЛАТ БА АСЛИ ХЕШ АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис доир карда шуд.

Зимни мулоқот кормандли масъули ҳизбӣ Саидов Умар иштирок ва баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ободу зебо гардидани деҳотҷойҳои мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Аз ин иқдом пеш аз ҳама ҳунармандон руҳу илҳоми тоза гирифта, ҳунарҳои дастии худро сайқал дода, шаҳрвандонро ба ҳунарҳои аҷдодӣ ҷалб месозанд. Аслан, тоҷикон, аз қадим эҷодкор, ҳунарманд, ободгар ҳастанд. Имрӯз ин хунарҳои моро оламиён эътироф намуданд. Дар замони истиқлолият, даврони бозгашти миллатамон ба асли хеш ба ин ҷанба таваҷҷухи бештар равона шудааст.

Сипас, иштирокчиён низ баромад намуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллатро дар робита ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдом менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg