БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан...

Ш.ШОҲИН.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Кӯдакистон» воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар ин вохурӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешарониҳо намуданд.

Зимни баромад масъулин   қайд карданд, ки  мақсади асосии  баргузории вохӯрӣ дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани наврасон ва синни томактабӣ дар кӯдакистону боғчаҳои бачагона,  бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ  дар ниҳоди онҳо мебошад. Чунки кӯдакон боғи умеду ояндаи дурахшони Ватананд. DSCN0164.JPG

Дар охир ҳизбиён  ба тарбятгирандагони Кӯдакистони №1 туҳфаҳои таъсиснамудаи хешро дар фазои мутантан супурданд. Дар қисми интиҳоӣ як чанд нафар  кормандони муассисаи мазкур ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карданд, ки аз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба фаъолияти бомароми ҲХДТ шаҳодат медиҳад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg