БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДЕШАИ СОЛИМ – ОМИЛИ АСОСИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

ВОКУНИШ. Дар ҷаҳони мутамаддин ва босуръат пешраванда бисёр кирдорҳои номатлуб зуҳур кардаанд, ки ҷомеаро ба гирдоби ноамонӣ мебаранд.

Бар замми бархӯрди бесобиқаи абарқудратҳо ва таҳдидҳои нав ба кишварҳои аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ноком, гурӯҳҳои алоҳидаи тундрав истифода бурда, фаъолияти муташаккилонаи низомиро дар бархе кишварҳои олам пиёда месозанд, ки дар натиҷа аҳолии осоишта дар ин набардҳои хунин ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бархурди абарқудратҳо ва ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгарою терррористӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низ баръало мушоҳида мешуд. Гурӯҳҳои алоҳида таҳти роҳбарии собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат Тоҷикистонро ба майдони ҷанги бародаркуш кашидаанд, миллати тоҷикро дар муддати кӯтоҳ ба сангарҳои алоҳида пароканда карданд. Вале чун ҳадафашон нопок буд, тирашон хок хурд. Миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бори дигар давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушди минбаъдаи  худро бо кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт.

Мутаасифона, баъди пурра соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, гурӯҳҳои тундраву бадхоҳ дар ҳар минтақаи кишвар мехостанд бо роҳу усулҳои мухталиф амнияти  давлати навбунёдро боз халалдор  созанд. Далели ин гуфтаҳо ҳодисаи террористие мебошад, ки бо роҳбарии ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 тарҳрезӣ шуда буд ва бар асари он чандин ҷавонони бонанги кишвар ҷонашонро аз даст доданд.

Имрӯз хатару даҳшати терроризму экстремизм ва ташкили гуруҳҳои ифротӣ чунон боло рафтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо ин вабои  асрро дастаҷамъона эълон намудааст.

 Таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъияӣ, бенизомӣ, тағйири сохти коститутсионӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ аз зуҳуроти манфии терроризму ифротгароӣ дониста мешавад. Бояд гуфт, барангехтани низоъи дорои хусусияти ифротгароиву террористӣ дошта, метавонад ба амнияти давлату миллат латма зада, пеш аз ҳама, ғояҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва арзишҳои миллиро коста гардонад.

Таҷрибаҳо собит намудааст, ки аксари ифротиён ва аъзои гуруҳҳои тундравро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки дар оила, ҷомеа ва мактаб дониши муккамал нагирифта зери таъсири ақидаҳои ғаразнок амалҳои ваҳшатангези худро анҷом медиҳанд.

Ҷавононро мебояд дар муқобили ин зуҳуроти манфӣ бо ақлу заковат ва дониши баланди маънавию сиёсӣ мубориза бурда, дар роҳи таҳкими сулҳу истиқлолияти кишвар саҳмгузор ва баҳри пойдории истиқлолият ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.

ШАРИПОВА Гулҷаҳон,  корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg