БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРУ ТАРМИМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ҲИССАГУЗОРӢ МЕКУНАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Корез”-и ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот  аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, баргардонидани 84  шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ,  вохӯрии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар ба хотири ба вуҷуд омадани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, ҳамкорӣи бо мақомоти давлатӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, саривақт супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати қувваи корӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 –и деҳа бо ташаббуси раиси маҳалла  Абдураҳмонов Эргаш ва аъзои  ташкилоти ибтидоӣ баҳри обод намудани макони зисти худ муассисаи таълимиро  мавриди таъмиру тармим қарор  дода шуд, ки то оғози  соли нави хониш ба истифода дода мешавад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg