
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Кӯмакрасон» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Мавсуф дар суҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи асосии давлату Ҳукумат, таъмини амнияти озуқаворӣ, роҳандозии корҳои хайру сахо ба хотири баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва дигар самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ андешаҳои хешро баён карда, иброз дошт, ки татбиқи босамари сиёсати Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини кишвар буда, моро месазад бо амалҳои бунёдкорона Ватанамонро боз ҳам ободтар созем.
Дар охир дар партави Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва Аксияи ҳизбӣ ба Давлатов Баҳриддин маюби гурўҳи якум кӯмаки молиявӣ расонида шуд.