Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲАДАФ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси дастури мақомотҳои болоии ҳизб ва дар доираи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии Осоишгоҳи «Насими Фархор» баргузор гардид.

Дар ин мулоқот мавсуф оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан, дар бораи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани  ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”  баромад намуда,  аз иштирокдорон ҷиҳати татбиқи  қарори мазкур ба ҷои  маъракаҳои  азодорӣ ва сарфу хароҷоти беҳуда  раҳнамоӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад аъзои ташкилоти ибтидоии тасмим гирифтанд, дар рӯзҳои наздик  як адад синфхонаи МТМУ №25-ро пурра таъмир намуда, мизу курсиҳои як синфхонаро рангубор менамоянд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg