БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ПЕШГИРИИ ШАҲРВАНДОН АЗ БЕМОРИИ ВНМО !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии  “ВНМО”    баргузор гардид.

Нахуст суханро раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳиявӣ Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда,   дар бораи  сиҳатии омма, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии шаҳрвандон аз  сироятёбии ВНМО ҳамчун  вабои аср  андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар бораи баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон   ибрози ақида карда шуд.

Дар охир вобаста қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоӣ тасмим гирифтанд, барои таъмири утоқҳои кории муассисаи давлатии “Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО” – и ноҳия кӯмаки амалӣ намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg