
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фарогат Назарова бо сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрда, доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар суҳбат намуд.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди шуҷоъи Ватан ба шумор меравад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.