БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ ҲАДАФИ АСОСИИ ҲИЗБ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ». Машғулияти сиёсии имрўза  дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони  ташкилоти ибтидоии «Шифо» баргузор гардид.

Нахуст Файзизода Каримҷон хониши сиёсиро оғоз намуда, ҳозиринро бо самтҳои асосии  фаъолияти ҲХДТ шинос  намуда,  ҳамзамон дар бораи эълон гаштани соли 2019 ҳамчун «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» суханронӣ  намуд.

Дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2019  ҳамчун Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ кард.

Дар охир, ҷиҳати самаранок татбиқ намудани Аксяи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Шифо» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Умронов Нурмаҳмад дар сангфарш намудани 200 метр роҳҳои кўчаи ба номи Рўдакӣ саҳм гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg