БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМ НИГОҲ ДОШТАНИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Чал-Чал”-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ  хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

Фирдавс Ғафурзода зимнан дар бораи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикстон, муборизаи шадид зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ баромад намуда қайд кард, ки   сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза  давлат ба пешравию муваффақиятҳо  ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯву таҳрибкор баръакс, ба ифротисозиву заҳролудшаии маънавиёти мардум тамоми сайъи ҳои худро равона месозад. Аз ҳамин хотир ҳар яки моро зарур аст барои эмин нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, бахусус ҷавонон бетараф набошем.

Дар қисмати амалии Аксияси ҳизбӣ  барои таъмири муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ  харидорӣ карда шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg