БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!» БА ШУКУФОИИ ВАТАН МУСОИДАТ МЕКУНАД!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Барқ»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Зимни баромад корманди масъули ҳизбӣ Ҳайдаров Рамазон оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон корҳои ободониву созандагӣ рафта истодааст.

Дар ин радиф кормандони заҳматкаши шуъбаи маориф худро дар канор нагирифта, дар тозаю озода намудани маҳали зист, тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳо ва сохтани дигар иншоотҳои хизматрасонӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» иштирокдорон  ба тахту ҳамвор кардани роҳҳои мошингузар  машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg