БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН –ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР!

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳаҳои Чорсӯ, Садриддин Айнӣ ва Орзуи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Намояндагони ҳизбӣ дар ин мулоқот оид ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳарф зада, мардумро ба сарҷамъӣ даъват карданд.

Ҳамзамон, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем! ”бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg