БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮ ОВАРДАН БА МАКТАБ АМАЛӢ ВАТАНДӮСТОНА АСТ!

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иxроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ва соҳибкорону саховатмандон  ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 46 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.

Аз ҷониби соҳибкорон, хатмкардагони  МТМУ № 46 Қориев Мухторхуҷа, Ситамов Фаррух ва Абдуллоев Қаноат барои сохтмони таҳкурсии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур ба миқдори як мошин шағал, ду тона семент ва як куб тахта кӯмак расонида шуд.

Инчунин, дар саҳни ҳарду муассиса бо ҷалби падару модарон атрофи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ овардан ба мактаб, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” анҷом додани корҳои хайру сахо барои ободонии мактабҳо, ба ҷойи баргузории маъракаҳои аъзодорӣ кӯмак намудан ба муассисаҳои таълимӣ  андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби  директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории СПИД Алифов Ҷаҳонбек ва мудири тиббӣ-машваратии ҷавонону наврасони беморхонаи марказии ноҳия Сайёра Иззатуллоева атрофи пешгирии паҳншавии бемории ВНМО, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаштани навхонадорон, пешгирии ниҳи хешу таборӣ, дар муҳлати муайян баргузории хатнаи кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ ва дар самти сиҳатии омма андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg