БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТИ ТУ АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД!!!

 ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «МНСЭД» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули  мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо» вохӯрӣ доир гардид.

Нахуст зимни андешаронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Одилҷон Маҳмадов зикр кард, ки коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад. Имрӯз низ коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балкӣ ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg