БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР...

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ-2” қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.

Аксияи ҳизбӣ  бо роҳнамоӣ ва ҷалби Кумитаи иҷроия  шаҳрии ҲХДТ хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳр, ки ин муассисаро сарбаландона хатм намуда, имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва соҳибкориву тиҷорат машғуланд, барои рангубор намудани яке аз синфхонаҳои ин муассиса як миқдор масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ намуданд. Инчунин, аз ҷониби аъзои ташкилоти номбурда  қувваи корӣ ташкил карда шуда,  яке аз синфхонаҳо рангубор карда шуданд.

Мактаб бдаргоҳи бузург аст, ки баробари дар остонаш қадам гузоштан, бузургону барнодилон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад.

Инчунин аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дарбаромад қайд намуд, ки  барои дар оянда созанда будан, талаботи замонаро саривақт эҳсос кардан, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя ва сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дастгирӣ намудан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Дар охир сокинони кӯча аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg