
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи ба номи «А.Партоев»-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Гулсунбӣ Раҷабова иштирок намуда, атрофи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сохтмони мактабҳои замонавӣ бо дастгирии соҳибкорони маваффақ ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот суханронӣ намуд.
Баъдан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гирду атрофи чашмаи кӯчаи мазкур аз лою гил тоза карда шуд.