
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисамати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Пайванд» кӯмаки навбатӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и деҳаи Анористони Ҷамоати деҳоти Обшорон расонида шуд.
Волидайни муассиса Абдукаримов Нуриддин аз ҳисоби пасандозҳояшон барои сохтмони посбонхонаи муассисаи мазкур ба миқдори як мошин шағал ва 10 халта семент кӯмак расонид.
Ҷараёни рафти Аксияи ҳизбӣ дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолон қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.
Дар қисамати дуюми чорабинӣ бошад намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ атрофи Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад касе магар аз мактаб” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хоса дастгирии рушди соҳаи маориф дар маҳал, ба ҷойи маъракаҳои зиёдатию хароҷотҳои беҳуда, кӯмак намудан ба мактабҳо вохӯрӣ баргузор намуданд.