
БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Матбаа” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал зимни суҳбат таъкид дошт, ки бо талошҳои пайгиронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ боло рафта, дар миёни давлатҳои ташаббускори сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Инро метавон бо якчанд мисолҳо, аз ҷумла баргузории Самиити панҷуми сарони давлатҳои МҲТБО, саммити сарони ИДМ, СҲШ, СПАД, қабул гардидани пешниҳодҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба ҳалли проблемаҳои об, муборизаи Тоҷикистон аллайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ҳоказо мебошад.
Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки он масъалаҳои ҳаётан муҳимро барои шаҳрвандон дар бар мегирад, баррасӣ карда шуданд.