БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ПОЯНДАГИИ ДАВЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

ФАРХОР.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Маркази бемориҳои сил» мулоқот баргузор намуд.

Дар ин вохӯрӣ мавсуф атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хизматрасониҳои босифати  тиббӣ,  муоишрати хуб бо беморон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, Гепотит  ва Сил,  тарғиби  тарзи ҳаёти  солимдар байни ҷомеа, пешгирӣ аз  воридоти дорувориҳои қалбакӣ ва дигар  мавзӯъҳои  муҳими рӯз андешаронӣ карда, иброз дошт, ки солимии ҷомеа пояндагии давлатро  таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз ҳар як корманди соҳаро лозим аст,  дар  таъмини сиҳатии омма  масъулияти ҷиддӣ зоҳир намояд.

Инчунин, дар ин раванд  байни масъулин ва иштирокдорон суолу посухҳои  мушаххас барпо гардида,  ҳамагон аз  ҳамоиши судманд ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg