БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШРАФТИ СОҲАИ МАОРИФ БУЗУРГ АСТ !

ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи амалӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баҳри дар сатҳи баланди омодагиҳо пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо ташаббуси  ташкилотҳои ибтидоии «Шабакаҳои барқ» ва ҶДММ «Сафарӣ» ба муассисаи таълимии № 12-и деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент ва сангу шағал кўмак расонида шуд.

Ба иттилоъи Сайҷаъфар Ватанзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо саҳми фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар назди ин муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад, ки камбудии  норасогии ҷойҳои нишастро бартараф сохта, боиси беҳтар шудани сатҳи таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ мегардад.

Баъдан дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин атрофи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, ба шахсони хайхоҳу ҳимматбаланд барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg