БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «60-солагии Панҷ» мулоқот роҳандозӣ гардид.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар меҳвари мулоқот қарор дода шуда, дар ин бобат мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ҳошимов Тоҳир муфассал андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар давоми баромадаш ў қайд намуд, ки вобаста ба татбиқи ташаббуси Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифаи ҳар як аъзои ҳизб даъват намудани мардум барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ  мебошад.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидои “60 солагии Панҷ”ҷамоати шаҳраки Панҷ барои кашидани хати оби нўшокӣ саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg