БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ОИЛИИ ҲХДТ!

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Садбаргҳои   Ҷамоати деҳоти  ба номи Лоҳутӣ   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, ҳозирин  аз он маълумоти  муфидро пайдо намуданд.

Дар назди ҷамъомадагон Сайҷалол Сатторов корманди масъули ҳизбӣ   баромад намуда,  мавсуф  таваҷҷуҳи ҳозиринро  ба он масъалаҳое ҷалб намуд, ки дар шароити рӯз иҷрои он аз ҳар як узви ҳизб ва сокини кишвар масъулияти  баланди шаҳрвандиро  талаб менамояд . Ба ин рӯйхат  зуҳури терроризм, экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, нашъамандию нашъҷаллобӣ, кибертерроризм, омилҳои бавуҷудоии онҳо  ва роҳҳои решакан намудани  зуҳуроти номатлуб, ҷаҳонишавӣ, паҳн гардидани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва дигарҳо дохил мешаванд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасан Ҳайдаров  дар баромадаш  дар бораи бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат маълумот дода, пешниҳодҳои нави Роҳбари давлат-  эълон доштани Солҳои 2019 – 2021, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  саноатикунонии босуръати кишварро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ  дод.    

Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба оилаи ниёзманд, бемори бистарӣ  Гадоев Давлат кӯмаки молиявӣ  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg