БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ ДАРМОНДАГОНРО ГИРИФТАН МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ИНСОНИ БОШАРАФ АСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ оид ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Мададрасон»-и Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Аз  тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар самти созандагиву бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати андешаронӣ карда шуд.

Баъд азанҷоми вохӯрӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ ба як оилаи ниёзманд кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg