БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Мунаварра Абдусаломзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аъзои фаъоли ҳизб, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар давраи шашмоҳи аввали соли 2019  натиҷагирӣ карда шуд.

Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён панҷ масъаларо баррасӣ кард. Тибқи рӯзномаи маҷлис  сараввал ҳисоботи Мунаварра Абдусаломзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия «Дар бораи ҷамъбасти нимсолаи аввали  соли 2019» шунида шуда қайд дошт, ки сохторҳои ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён фаъолияти худро дар асоси Оинома, Барнома, қарорҳои Анҷумани X11 ҳизб ва маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказӣ, инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар нимсолаи аввали соли 2019 як қатор корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар ин давра Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати баррасӣ ва иҷроиши қарорҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро доир намуда, қарорҳои дахлдор қабул ва ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия дастрас намуд, ки иҷроиши онҳо зери назорат қарор дорад гуфт Мунаварра Абдусаломзода, зимни баромади хеш. Ҳамчунин дигар аъзои фаъоли ҳизб доир ба пешрафту муваффақиятҳои кории худ баромад намуданд.

Дар фарҷом ба хотири ҷоннок намудани корӣ ҳизб, як қатор қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg