
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби хатмкунандаи муассисаи таълимӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.
Аз ҷониби раиси Ҷмоати деҳоти Обшорон, хатмкунандагони МТМУ № 24 Абдукаримов Нуриддин барои сохтмони таҳкурсии синфхонаҳои илогии муассисаи мазкур ба миқдори 1500 хишти лойӣ кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар саҳни муассиса бо ҷалби падару модарон атрофи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ овардан ба мактаб, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” анҷом додани корҳои хайру сахо барои ободонии мактабҳо, ба ҷойи баргузории маъракаҳои аъзодорӣ кӯмак намудан ба муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ намуданд.