БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ин шиор  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Матбаа» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти андешаронӣ масъулин   оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳамчун падидаи номатлуб дар ҷомеа иброз дошта, зикр намуданд, ки  дар ин росто  нақши сохторҳои ҲХДТ  дар мубориза бар зидди  коррупсия низ хеле барҷаста арзёбӣ мегардад.  Ташкилотҳои ҳизбиро мебояд, ки сабабҳо, омилҳои мусоидаткунанда ва механизмҳои ҷамъиятии таъсиррасониро коркард ва мавриди амал қарор диҳанд. Инчунин,  масъалаҳои дигари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар назди ҷамъомадагон баррасӣ карда шуднд.   

Дар охир Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби фаъолон дастгирӣ ёфта,  ба як нафар  маъюби гурӯҳи 2-юм  Ҳасанов Саидаҳмад кӯмаки моддии  яквақта  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg