БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ҲИСОБ МЕРАВАД!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа”-и ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Каримзода Пирмуҳаммад раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда,  атрофи мавзӯъҳои муҳим, ташкили корҳои ободонӣ созандагӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” дар ростои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон », ҳуқуқи гирифтани нафақа, нафақаҳои меҳнатӣ, нафақаҳои суғуртавӣ, пардохти нафақа, баландкунии ҳуқуқҳои нафақавӣ, тартиби пардохти пули нафақа, захираҳои нафақавӣ, пардохти кӯмакпулии иҷтимоӣ суханрони намуда, иброз дошт, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат  ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg