
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Обшорон"-и ҷамоати шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Содиқова Меҳрубон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи амалишавии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҳамин замина ба кор омадани ташаббусҳои созанда ва вусъат пайдо намудани корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар амалҳои созандаву бунёдкорона суханронӣ намуд.
Дар фарчоми вохўри, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботи- амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем!» сокинону аъзоёни ХХДТ-и маҳалла ба як оилаи камбизоат, ки девори хонааш дар ҳолати харобшавӣ қарор дошт, сементблок дар ҳаҷми 150 дона кӯмак карданд.