БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН ҲАМ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ҚАРОР ДОРАНД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар ташкилоти ибтидоии  “Фонди нафақа”    баргузор гардид.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти  иштирок ва ташкили корҳоиободониву созандагӣ  ба истиқболи санаи муҳими таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози сухан намуд.

Ҳамчунин, мавсуф оид ба  сухани Сарвазири Ҷумҳурии Корея , ки  дар сафари расмии худ ба Тоҷикистон гуфта буд  “Тоҷикистон шарики боэътимод аст” ва инчунин нисбати ҳамоиши “Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа”, ки дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ баргузор гардида буд  андешаронӣ кард.

Зимнан вобаста ба қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур тасмим гирифтанд, ки ба як нафар маъюби гурӯҳи дуюм Сафаров Сироҷиддин  асобағал туҳфа  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg