БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНИ МО АЗ МАКТАБ ВОБАСТА АСТ, ДАР ОБОДОНИИ МАКТАБ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаб-интернати Ҷумҳуриявӣ»-и ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ аз ҳар як иштирокчӣ даъват ба амал оварданд, ки ҳидоятҳое, ки аз Паёми имсола бармеоянд, барои рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии осудаи сокинони мамлакат равона карда шудааст амали намоянд ва зарур аст дар иҷрои ин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бетараф набошем.

Баъдан, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  баргузор гардид, ки дар ин замина як синфхонаи мактаб таъмири хушсифат карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg