
БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зироаткорӣ” оид ба татбқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир гардид.
Тавакал Наҷидуллоев раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани чанд ҳосил яке аз вазифаҳое мебошад, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди деҳконон ва кишоварзон гузоштаанд. Кормандони соҳаро лозим аст, ки барои дар амал татбиқ намудани ин супориши муҳим камари ҳиммат баста, софдилона заҳмат кашида, ҳосилро безарар ҷамъоварӣ намоянд.
Дар идома доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва онномавии ҲХДТ, дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, дар дораи Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, ҳизфи оромиву Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани об ва нерӯи барқ ибрози ақида карда шуд.