БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор”-и  кӯчаи Баҳори минтақаи манзилии №4-и шаҳри Норак   қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид. 

Дар қисмати амалии Аксия аз ҷониби аъзои ташкилоти номбурда барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и маҳалаи Энергетик  як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ  кӯмак расонида, фарши яке аз синфхонаи муассиса рангубор карда шуд.

Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва  фаъолони шаҳри Норак қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Инчунин, дар ин раванд бо сокинон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   баргузор карда шуда, масъулини Кумитаи иҷроия дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.

Фирдавс Ғафурзода зимни баромади худ оид ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонӣ  пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он дар канор намондааст.

Аз ин рӯ аз ҳамаи падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки мунтазам аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, огоҳ бошанд, чунки яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Дар охир сокинони кӯча аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg