
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк»-и шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини зимни суҳбат иброз доштанд, ки ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатнокӣ бонкӣ такмили низоми идоракунии соҳаи бонкиро муҳим мешуморад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлатро метавон ҳамчун як раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он махсусан қайд карда шуданд саривақтӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоиста барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда хоҳад буд.
Дар татбики амалии Аксияи ҳизбӣ «Якчоя хал мекунем!» ва иҷрои корҳои созандагию ободонӣ барои таъмири боғчаи кӯдакона воқеъ дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти Гулистон масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.