
ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи қисамати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Оби Нуқра» кӯмаки навбатӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 расонида шуд.
Хатмкунандаи муассисаи мазкур Нурзода Наврӯз Назар аз ҳисоби пасандозҳояш барои сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 ба миқдори 1400 дона хишти лойӣ кӯмак расонида шуд.
Ҷараёни рафти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолон қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.
Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.