БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН НИЗ ДАР ТАРҒИБИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ САҲМГУЗОРАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташиклоти ибтидоии ҳизбии “Чароғи маърифат”-и назди Раёсати моарифи вилоят вохӯрии навбатӣ доир карда шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Исозода Диловаршо ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, дастгирии соҳибкорон дар самти  соҳибкорию тиҷорат, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар руҳияи ифтихори миллӣ ба воя расонидани насли наврас, пос доштани фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ фикру ақидаҳои худро баён намуд.

Дар идома иброз дошта шуд, ки ҲХДТ фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Низомнома ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба роҳ монда, имрӯз яке аз ҳизбҳои пешсаф ва фаъоли кишвар  мебошад.

Дар охир дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба китобхонаи ташкилоти ибтидоӣ се адад китобҳои “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ (дар мисоли бунёди НБО “Роғун”), “Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ” ва  “Хатлон раҳмнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg