БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ТАҶАССУМГАРИ СИМОИ МАЪНАВИИ ХАЛҚ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  деҳаи “Шоҳ”-и Ҷамоати деҳоти Навобод бо занони хонашин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи  эҳёи анъанҳои миллӣ,  аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ ва ҷашну маросимҳо вобаста ба хусусияти этникии ақалиятҳои миллӣ суҳбат ороста, қайд карданд, ки дар баробари тарғиби анъанаҳои миллӣ мебояд, ки насли наврасро низ дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба гузаштаҳои аҷдодӣ тарбия кард.

Ҳамчунин дарҷ карда шуд, ки дар замири  насли наврас ба ҷои тамошои ҳар гуна филмҳои бадеие, ки тавассути моҳвора  имрӯзҳо пахш карда мешаванд, онҳо  ба урфу одати миллӣ бегона буда, ахлоқи наврасонро коста мегардонад, хониши асарҳои нависандагони тоҷикро ҷой намоянд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори раиси вилоят “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 1 нафар оилаи ниёзманд маводи хӯрока кӯмак  расонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg