Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИ ҲАДАФИ АСЛӢ ВА МАРОМИ МОСТ!

МӮЪМИНОБОД. Дар  доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  дар ташкилоти ибтидоии Идораи «Роҳсозӣ»   вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар суҳбат  масъулин оид ба Паёми имсола, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирӣ аз  амалҳои коррупсионӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷаи давлат,  моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб”  андешаронӣ намуда,  аз ҳамагон ҷиҳати амалигардонии масъалаҳои болозикр  даъватба амл оварда шуд. 

Вобаста ба татбиқи  қисмати Аксияи  ҳизбӣ як қатор корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, аъзои  ташкилот дар он саҳми арзанда гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg