БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ МЕБОШАД!

ПАНҶ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ». Дар толори маҷлисгоҳи маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Панҷ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб мулоқот доир гардид.

Нахуст, Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, оид ба  камбудиҳои ҷойдошта дар самти соҳаи тандурўстӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон ва  ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ташвишовар гардидааст. Бинобар ин,  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дастур доданд, ки вобаста ба соҳаи тиб дар қонунгузориҳо тағйирот ворид намоянд.

Дар идома ҷиҳати татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзоёни ташкилоти ибтидоии «МСЭ» 250 метр роҳи мошингарди кўчаи «60-солагии Панҷ»-ро сангфарш намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg