Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

СИЁСАТИ ДУРАНДЕШОНАИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ БА МАНФИАТИ МАРДУМ АСТ!

ХУРОСОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии «Файзи Хуросон» вохӯрӣ баргузор гардид.   

Намояндагони ҳизбӣ дар суханронии хеш дар бораи  сиёсати дурандешонаи Раиси муаззами ҲХДТ дар самти  созандагиву  ободонӣ бахшида ба истиқболи ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  андешаронӣ карда,   ҷамъомадагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ  ҳидоят намуданд.          

Баъд аз баргузории хониши сиёсӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ ва арафаи  иди Қурбон ба ятимону беморон кӯмаки яквақтаина  расонида  шуд.

                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg