БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ОЛАМ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  дар ташкилоти ибтидоии “Ҳуснобод”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баромад Давлатҷон Ғаффорзода оид ба  корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуда, қайд кард, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об дар айни замон ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

Инчунин, дар идома  дигар  паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуданд, ки писанди ҷамъомадагон гардид.

Баъдан дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоӣ деҳаи “Ҳуснобод”  Қаюмов Сайвалӣ ва барои таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ корҳои  васлкуниро  идома дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg