БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБ БО СУХАН НИЗ БЕМОРОНРО ТАБОБАТ МЕКУНАД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №5» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ баргузор гардид.  

Масъулин зимни суҳбат дар бораи   хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва муошират бо беморон андешаронӣ карда, афзуданд, ки ҲХДТ  бо мақсади  дастгирии мардум  ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили  низоми идоракунии  соҳаи  танадурстиро  муҳим шуморида,  ҷорӣ намудани  рақобати солим, ташаккули низоми муосири  хизматрасонӣ бо  истифода аз технологияҳои  замонавӣ ва тайёр кардани  мутахассисони  соҳибкасби  соҳаро  аз ҷумлаи иқдомоти  зарурӣ медонад.   

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg