
ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Кумиҷроияи ноҳиявии хизб ва дастгирии моддии хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳия Иброҳимзода Неъматулло-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ташкилоти ибтидоии Мадад хониши сиёси ва Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якчоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Иброҳимзода Неъматулло ҳамчун хатмкардаи муассисаи таълимӣ дар доираи кисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз ҳисоби маблағҳои пасандозаш ба андозаи 4500 сомонӣ масолеҳи сохтмони харидори намуда, ба масъулини муассисаи таълимии № 4-и деҳаи Вахдат такдим намуд.
Чорабинии ҳизбиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод огоз намуда, муфасал оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханрони намуд. Иброҳимзода Неъматулло зимни баромади хеш вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрванди ва ҳамчунин сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуд.
Гузашта аз ин иштирокчиёни чорабини баъди суханони пурмуҳтавои нотиқон иқдом гирифтанд, ки ба маблағи 45000 сомони муассисаи таълимии № 4-ро таъмир созанд.