БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН АЗ ҒАМХОРИҲО ПАЙВАСТА БАРХӮРДОРАНД

А.ҶОМӢ. Дар Доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сохтмончӣ»-и назди МПМК «Хоҷамастон»  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва  тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. 

Масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ташаббусҳои неки Пешвои миллат дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  андешаронӣ карда, инчунин   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро  дар назди ҷамъомадагон  баррасӣ карданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ  ва татбиқи Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани  ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандн” ба ду нафар маъюб маводҳои хӯрока ва як адад аробачаи маъюбӣ кӯмак карда шуд,ки аз ин  иқдоми нек  шахсони эҳтиёҷманд  руҳбаланд гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg