БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДАМ НАШАВАД КАСЕ МАГАР АЗ МАКТАБ!

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии Ваҳдати ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  зимни суҳбат  дар бораи вохӯрии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар ба хотири ба вуҷуд омадани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, саривақт супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст,  суҳбат намуданд.

Баъдан ба аъзои нави ташкилоти ибтидоӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, даъват ба амал оварданд, ки  дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Дар охир Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва Аксияи  таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳа  масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда шуда, таъмири он бомаром идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg