БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ШОИСТАИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ МАРОМИ МОСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи “ Бинокорон ”-и ҷамоати шаҳраки Данғара хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Каримзода Пирмуҳаммад  иштирок намуда, атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ,  иҷрои талаботи Қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар баробари  қабул гардидани қонунҳои мазкур  дар рӯзгорисокинон тағйироти ҷиддӣ ворид намудааст, суханронӣ намуда,  ҳамагонро  барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg